21 Ноябр 2024
Дар толори меҳмонхонаи “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор барномаи омӯзишӣ барои гуруҳи байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни машварат намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, намояндаи Дафтари Хазинаи нуфузи аҳолии СММ Нилуфар Баҳромзода, Раиси шӯрои машваратии итиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Суғд Шуҷоат Ҳасанова, сардори раёстаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва дигарон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва вазифаву уҳдадориҳои муайяне муқаррар гардидаанд. Яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам хеле муҳим ва ҳалталаб боқӣ мондааст, ин такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ислоҳи рафтори шахсоне, ки содиркунандаи зӯроварӣ дар оила мебошанд ва дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти масъулин зарур мебошад.
Зикр гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сатҳи шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз самтҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Дар ин замина якчанд қонун ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул карда шуданд. Бо вуҷуди ин ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолкунии ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ба мушоҳида мерасанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гаштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни семинар-машварат иштирокдорони он ба гуруҳҳои тақсим шуда, фикру назари хешро оид ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онро баён доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд