21 Ноябр 2024
Дар толори гимназияи №4 ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид.
Нахуст дар бораи вазифаҳои ташкилоти собиқадорони шаҳри Хуҷандоид ба иҷрои талаботи оинномавӣ муовини раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Зайниддин Зунунхӯҷаев баромад науд.
Таъкид шуд, ки Шӯрои собиқадорон дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст. Маҳаки асосии фаъолияти собиқадоронро тарбияи комили наврасону ҷавонон ва раҳнамоии эшон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ мебошад. Дар ин самт фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии соҳаи сохтмон, маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов, Тути калон, Мевағул, Навбаҳор хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки намунаи ибрат ба дигар ташкилотҳои ибтидоӣ аст.
Зикр гардид, ки дар баробари раҳнамоии ҷавонон мо бояд пайваста аз ҳолу рӯзгори собиқадорон воқиф гардем, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм намоем. Ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб созем, ба дарди дили эшон пайваста гӯш диҳем. Даъват намоем, айёдат кунем. Ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботу ташвиқот сафарбар намоем.Раисони ташкилоти ибтидоиро зарур аст, ки дар паҳлуи Раисони кумитаи маҳаллаҳо истода, дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва ободии маҳал саҳмгузорӣ намоянд.
Сипас аз рӯйи масъалаи рафти омодагӣ ба 80 солагии Ғалаба дар ҶБВ солиҳои 1941-1945 дар ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд устоди ДДХ ба номи академик Б. ҒафуровШавкат Шарипов баромад кард. Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр А. Ғозиев дар бораи ворид намудани таъғироту иловаҳо ба ҳайати Шӯрои собиқадорони шаҳр маълумот ироа намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини Раиси шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, Биҳоҷал Раҳимова, Алиҷон Одинаев, У. Рашидов ва дигарон баромад намуда, доир ба ҷоннок намудани кори ташкилотҳои ибтидоии куҳансолон ва тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳодот манзур намуданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки бояд ҳар як собиқадорро ба як муассисаи таълимӣ вобаста намоянд, то ин, ки пайваста бо хонандагону мулоқоту раҳнамоиҳо созанд. Дар кумитаи маҳаллаҳо маҳфилҳои гуногунро ҷорӣ намуд ва наврасону ҷавононро зимни таътилашон ба он саргарм кард. Дар дармонгоҳҳо утоқҳои алоҳида барои собиқадорон ташкил гардад ва пайваста ба эшон маслиҳату машваратҳо дода шаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд