21 Ноябр 2024
Озода Қаландарзода Озода - омӯзгори Муассисаи таълимии хусусии "Литсеи иноватсионии ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соҳиби мақоми аввал гардида, барои Шоҳҷоизаи озмун мубориза мебарад. Ӯ аз рӯйи номинатсияи адабиёти классики тоҷик баромад намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи низомномаи озмун 110 ғазал, 112 байт дигар навъҳои шеърӣ, 122 рубоӣ ва дубайтӣ, 100 байт қасида, 25 асари насрӣ ва 160 байт порча аз достонҳоро аз худ намудааст.
Тавре Озода қайд намуд: - Ман аз иштирок дар даври ниҳоии озмуни мазкур ва соҳиби мақоми аввал гардиданам бисёр хурсанд буда, фикр мекунам ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" беҳтарин ва маҳбубтарин озмун миёни аҳолӣ мебошад, ки 6 сол мешавад бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ҳамсафари зиндагиям Ҷавоҳир Ашӯров дар соли 2020 дар озмун ғолиб гардид ва бо ифтихор имрӯз оилаи худро оилаи фуруғӣ меҳисобам.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд