20 Ноябр 2024
Муҳассилини гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу фараҳмандӣ чорабинии идона бахшида таҳти унвони “Тирамоҳи зарнисор” баргузор намуданд. Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва миёна фаъолона иштирок намуда, бо забони русӣ доир ба фасли тирамоҳ, неъматҳои он, зебогии фавли пойиз- фасли ғунучини ҳосил ва фасли тиллоӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб сароиданд. Рақсҳои мавзун бо аломатҳои хоси фасли тирамоҳ табъи ҳамагонро болида намуд.
Таъкид шуд, ки аксари мардум тирамоҳро дӯст медоранд. Тирамоҳи зарнисор ҳатто нисбат ба баҳори гулафшон бештар дар байни мардум маҳбубият дорад.
Сардафтари адабиёти рус Александр Пушкин иброз доштааст, ки ӯ баҳорро дӯст намедорад, ба хотири он ки наму лойи бисёр дорад. Аммо тирамоҳи нозанинро ошиқона дӯст медошт ва ба васфи он шеърҳои зиёде сурудааст.
Одатан вақте тирамоҳ мегӯянд, вожаҳои тиллоӣ, зарнисор, зарринро ҳамроҳ мекунанд. Дар забони модарии мо номи дигари тирамоҳ хазон асту хазонрез. Тирамоҳ фасли манзараҳоест дилрабову мафтункунанда, ки бевосита ба эҳсосоти одамҳо таъсир мекунад. Тирамоҳ таҷассуми тамоми рангҳо, тасвирҳо, манзараҳоест, ки бузургтарин рассом –табиат онро эҷод кардааст.
Дар идомаи чорабинӣ озмуни “Расми беҳтарин” баргузор ва ғолибонаш қадршиноӣ гардиданд.
Шаҳванди фахрии шаҳри Хуҷанд, равоншиноси гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил ба чорабинӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр дошт, ки ташкили чунин ҳамоишҳо завқи хонандагонро ба табиат, зиндагӣ бедор намуда, баҳри баланд тарбияи зебоипарастӣ, ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд