(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Мудири кабинетҳои фаннии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилбар Абдуллоева машваратро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки тадбирҳои амалие, ки аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити лозима ва таҳкими инфрасохтори соҳа андешида мешавад, аҳли маорифро муваззаф мегардонад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва донишазхудкунии хонандагон саъйю талош намуда, корҳои судбахшу муассирро анҷом диҳанд, ки муҳассилин дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оранд. Омўзгорон дар раванди таълиму тарбия ба сатҳи дониш ва малакаҳо, рушди ақлонӣ, маънавӣ ва ҷисмонии хонандагон махсус зоҳир намоянд, то ин, ки ҳадафҳои нақшавӣ ба даст оварда шавад.
Зикр гардид, ки сифати таҳсилот категорияи педагогӣ – иҷтимоиест, ки ҳолат ва самарабахшии ҷараёни таълиму тарбия ва мутобиқати онро ба стандарту барномаҳои таҳсилот ва талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа дар самти ташаккул ва рушди салоҳиятмандиҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян менамояд. Ба омилҳо ва нишондиҳандаҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот мазмуни таҳсилот, китобҳои дарсӣ, маводи иловагии таълим ва сатҳи таъминот бо онҳо, шаклу методҳои таълим, аз ҷумла, методҳои навоварона ва иттилоотӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ, ҳайати кадрӣ, хонандагон, инфрасохтори муассисаи таълимӣ ва ташкили ҷараёни таълим дохил мешавад.
Дар ҷараёни машварат маърӯза таҳти унвони “Ҷадвали дарсӣ ва тарзи таҳияи он” шунида шуд ва он мавриди баррасии муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд қарор гирифт.
Сипас дар синфҳхонаҳои алоҳида аз ҷониби омӯзгорони литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд машғулиятҳои кушоди намунавӣ аз фанҳои дақиқ ташкил гардид, ки дар он намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд иштирок ва онро мушоҳидаву таҳлил намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...