20 Ноябр 2024
Дар толори Фонди қарзии хурди "Имон" дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони фаъоли касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоишро Манучеҳра Кенҷазода мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани якчанд барномаҳои дарозмуддати давлатӣ дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқи баробарии марду зан ва дар сатҳи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудани барномаҳои мазкур, ин худ гувоҳи эътибори махсус зоҳир намудан ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, таҳти рақами 5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, таҳти рақами 269 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба занони фаъоли кишвар имконият фароҳам овард, ки сафи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзояд.
Ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои рошбарикунанда аз соли 2014 то имрӯз курси 3 моҳаи “Мактаби сарварӣ”-ро зиёда аз 200 нафар занону духтарон хатм намуда, соҳиби “Гувоҳнома” гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ низ курси 3 моҳаи “Звн-роҳбар” аз моҳи октябр то моҳи декабри соли 2024 аз ҳисоби занону духтарони болаёқат баргузор мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, таҳти рақами 5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъооияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешавад, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.
Соли ҷорӣ низ қарори Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2019, таҳти рақами 415 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр” ба тасвиб расида, дар ин замина 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.
Дар байни ғолибони озмуни Гранти Раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақиятҳо дошта, ният доранд, бо истифода аз маблағи Грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омӯзанд.
Ҳамҳзамон соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 7 нафар занони ҳунарманд барои гирифтани гранти Раиси вилоят сазовор гаштанд.
Дар ҷараёни ҳаоиш устоди ДПДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ, номзади илмҳои таърих омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муътабархон Ғозиева дар мавзуи “ Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат” баромад намуд.
Таъкидшуд, ки бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буданд, тавонистанд тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар атрофи худ муттаҳид намояд. Сарвари нави давлат бо суханони барномавии худ дар назди депутатҳо баромад намуда, қасам ёд карданд, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамоянд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ барқарор гардад.
Яке аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ин мубориза барои сулҳ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мубориза барои сулҳ 40 моҳ давом карда 8 даври музокирот гузаронида шуд. Барои таъмини сулҳ ба мо Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва СММ, САҲА иштирок карданд.
Сохти конститутсионӣ барқарор карда шуд. Самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд. Панҷ самти сиёсати хориҷӣ муқаррар карда шуд. Аввалин маротиба роҳбари давлати Тоҷикистон дар иҷлосияи СММ иштирок кард. Оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир суханронӣ карданд.
Конститутсияи нав қабул гардида, дар партави он дар мамлакат ислоҳотҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд.
Системаи сиёсию иқтисодии кишвар дигаргун карда шуд.
Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия “Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” эълон шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол баромад карданд.
Соли 2004 Пойтахти тоҷикон унвони “Шаҳри сулҳ”-ро гирифт.
Соли 2005 ба Эмомалӣ Раҳмон созмони бонуфузи байналмилалӣ- ЮНЕСКО барои хизматҳояшон дар ҷодаи фарҳанг ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бо медали тилло мукофотонид, ки ин эътирофи хизматҳои сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.
25 декабри соли 2015, таҳти рақами 1259 Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” қабул гардид. Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат эълон карда шуд. Ин арҷгузории халқи тоҷик ба хизматҳои шоистаи ӯ баҳри равнақи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Дар ҳамоиш роҳбари Фонди қарзии хурди “ Имон” Муяссара Пӯлотова дар мавзӯи ҷалби занон ба соҳибкорӣ, касбомӯзӣ ва роҳи сарфакорӣ баромад намуда, ба бонувон машварату маслиҳатҳои муфид дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд