19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр қаҳвахонаи “Сайҳун” ифтитоҳ гардид.
Иттитоъ дода шуд, ки қаҳвахонаи “Сайҳун” ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, дар яквақт ба 300 нафар мизоҷон хизмат расонида мешавад. Қаҳвахонаи “Сайҳун” дар соҳили дарёи “Сир” воқеъ буда, бо усули меъмории шарқиёна ва муосир бунёд шуда, қисме аз мвзеъи хизматрасонӣ дар болои дарё бунёд шудааст в адар тамоми фаслҳои сол дар ин хизматраоснӣ ба роҳ мондамешавад.
Соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Файзибоев бо бунёди ин маркази муосири хизматрасонӣ, 20 нафар сокинони маҳаллии шаҳри Хуҷандро соҳиби кори доимӣ кард.
Мақсад аз бунёди чунин маркази хизматрасонӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо 35 нафар ятимон туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Таъкид шуд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон имрӯз ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳо баҳравар ҳастанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.
Дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш имрӯз ҳавасмандии ин гурӯҳи наврасонро барои таҳсили намунавӣ ва оянда хизмат кардан ба нафъи давлату миллат афзун гардонидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд