19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд Маркази савдои “Ёвар” дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳр, маҳалаи “Чорчароғ” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Иншооти хизматрасонии “Ёвар” дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёна воқеъ буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.
Дар Маркази савдою хизматрасонии “Ёвар” дар маҷмуъ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 60 нафар расонида мешавад.
Тавассути бунёди ҳамин гуна маркази хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва дар асоси таҷрибаи ғанӣ ба роҳ мондани фаъолият хизматрасонӣ ба талаботи муосири сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Дар ин ҷо ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази калони савдо истифода намоянд.
Бо дарназардошти талаботи замони муосир фаъолият бо афзалият ба иқтисодиёти рақамӣ асосан ғайринақдӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бо истифода аз таҷҳизоту таҷрибаи нав, аз ҷумла шароити худхизматрасонӣ, яхдонҳо, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор ва камераҳои назоратӣ пурра имконияти марказ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Ҳамарӯза ба таври шабонарӯзи мизоҷон метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини зебогии шаҳр, фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва ҳиссагузорӣ ба пешрафти иқтисодиёти шаҳр ба роҳбарияти мағозаи “Ёвар” изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки равшаннамоӣ ва зебогии атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи стандарти лоиҳавӣ таъмин карда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд