19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар микроноҳияи 17-уми шаҳр бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода корхонаи истеҳсолии маҳсулоти ордии ҶДММ “Фархунда” ифтитоҳ гардид.
Иттитоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фархунда", бо бренди "Фархунда" 10 намуд маҳсулоти нимтайёри яхкунонидашудаи гуногун истеҳсол менамояд.
Дар коргоҳи истеҳсоли тушбера 50 нафар занону духтарон машғули кор буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозор серхаридор мебошад.
Таҷҳизоти корхона аз давлати Чин ва Русия ворид шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аст. Айни ҳол иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 10 тонна маҳсулоти тайёр мебошад. Маҳсулоти корхона пура дар бозори дохилӣ ба фуруш бароварда мешавад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти соҳибкор баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Дар фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд