19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи “Ваҳдат”, микрноҳияи 28-уми шаҳр корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ “Солиев С. К” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими кушодашавии он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
ҶДММ "Солиев С.К" ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, торту шириниҳо машғул буда, дар он зиёда аз 70 нафар духтарону бонувон ба кор ҷалб карда шудаанд.
Корхона бо бренди "Шаҳди Хуҷанд" зиёда аз 100 номгӯи шириниҳо истеҳсол карда, маҳсулоти худро дар бозорҳо ба фурӯш мебарорад. Дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мағозаҳои фурӯши маҳсулоти корхона фаъол буда, дар сатҳи беҳтарин ба харидорон хизмат мерасонад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ширкат ба маблағи 3.2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, барои дар оянда васеъ намудани масоҳати корхона, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тавсияҳои судманд дод. Қайд карда шуд, ки бояд захираву имкониятҳо пурра истифода бурда шуда, шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам зиёд карда шавад.
Дар ҳамин рӯз аз ҷониби ширкат ба 70 нафар кормандон маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд