19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсолии донаҳои офтобпараст ва хуришҳои кӯдакона дар заминаи ҶДММ “Маҳкамов” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин коргоҳ, ки 20 нафар занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд, офтобпараст бо бренди «Супер» банду баст мешавад, ки дар бозор серхаридор аст. Маҳсулоти коркардшуда дар ҳаҷму андозаи гунногун аз 15 то 110 грам омода ва бозор бароварда мешавад. Ашёи хом тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли Чину Туркия ва Украина дар чанд марҳила шуста, хушку коркард ва банду баст мегардад. Ҳамчунин чанд намуд маҳсулоти хуриши кӯдакона аз коркарди ҷуворимакка низ истеҳсол карда мешавад. Маблағи сармоягузории корхонаи мазкур беш аз 1, 2 миллион сомонӣ мебошад. Иқтидори истеҳсоли корхона коркарди 1421 кило офтобпараст дар як моҳ мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти коргоҳ баҳои баланд дода, баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъсиси сехҳои нави истеҳсолӣ машварату ҳидоятҳо доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд