19 Ноябр 2024
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони ҳизб дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки ҲХДТ зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш баён доштанд: “Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад.Ба ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст”.
Воқеан ҳам омили зуд маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо мардум сарукор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиши миллӣ, ваҳдат расонд, таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Таъкид шуд, ки бунёди бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд боз як ғамхории Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ин ҳизби пешбари ҷомеа мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд аз 7 ошёна иборат буда, пудратчии он ширкати “Бунёд-1” мебошад. Дар бинои навбунёд тамоми инфрасохтор ва ҳуҷраҳои корӣ толори маҷлис ба назари эътибор гирифта шуда, он ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур бо саҳми аъзо, ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон ва фаъолони ҳизбӣ сохта мешавад. Баъди истифода додани он шароити мусоири фаъолият ба кормандони ҳизбӣ фароҳам оварда мешавад ва фаъолони ҳизб аз пештара дида дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ фаъол мешаванд ва бо садоқати хосса барои пешрафти ҷомеа хизмати босазое анҷом медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди биноҳои замонавии маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ин иқдомҳои созандагӣ ба хотири беҳтар намудани кору фаъолияти ҳизбиён дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз роҳандозӣ гардида истодааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд