16 Ноябр 2024
Бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУҒ “Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли маорифи шаҳр баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода доир ба кору пайкор ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як иқдоми ибратбахши Пешвои миллатамон намунаи дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошад. Корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.
Барномаи фарҳангии толибилмони МТМУҒ “Ирфон” дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд