16 Ноябр 2024
Санаи 15 ноябри соли равон дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон" баргузор гардид.
Конфронсро муовини ректор оид ба тарбия Назирҷон Азизов ифтитоҳ намуда, аҳли толорро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки боиси ифтихор аст,ки дар радифи чанд тан сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳони муосир, ки сиёсат ва давлатдории онҳо бар пояи одамияту маънавият, арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллии мардумро камоли матлуби рисолати хеш шинохтаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси чехраи намоёни сиёсӣ ва давлатмарди сатҳи ҷаҳонӣ мақоми арҷмандеро соҳиб гардидаанд.
Сипас мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафурзода ба сухан баромада, Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд.
Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рустам Юлдошев ва Ҷӯрабек Исоматдинов дар мавзуъҳои "Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон" ва "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон" маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси химия - биология Шукрона Шодиева дар мавзӯи "Саҳми Пешвои миллат-дар рушди илму маърифати кишвар" ва Сафина Нуруллозода дар мавзӯи"Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳи тоҷикон" маърӯза намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории точикон ба ҳайси иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз сабт гардидааст. Иҷлосияи сарнавиштсоз ба майдони сиёсат фарзанди шоиста ва фарзонаи халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард. Ба шарофати ин Иҷлосия абармарде ба арсаи сиёсат қадам гузошт,ки ҳама дигаргуниҳои куллӣ ва таҳаввулоти сарнавиштсоз, ки дар маҷмӯъ аз эҳёи тоҷикон ва таҷаддуди Тоҷикистон башорат медиҳад, бо ном ва пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди узвӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари қудрат омаданд,ки ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, дар натиҷаи сар ба сар вохӯрдани мардуми минтақаю маҳаллҳо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, давлату халқи тоҷик бо он ҳама шукӯҳу шаҳомати таърихиаш хору зор шуда буд. Акнун шахсияти таърихӣ ва сарсупурдае лозим буд, ки парчами номуси миллиро баланд бардорад ва ба хотири оромии арвоҳи гузаштагон, ҳастии бедори ояндагон миллатро ба сарҷамъӣ ва ватандорӣ даъват ва раҳнамун бошад. Ҷаҳду ҷадал, пойфишорӣ, ҷонбозиҳо ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз маҳлакаи заволу нобудӣ берун омад, тоҷикон сарҷамъ гаштанд, дар саросари Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён барномаи адабӣ- фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд