15 Ноябр 2024
Субҳи имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки беш аз 20 000 нафар сокинони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши бузург Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғд табрик намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла афзуд, ки хеле рамзист, ки таҷлили ин санаи фархунда бо оғози баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мувофиқ омадааст. Зеро ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари кишвари азизамонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар ҳадя намуданд, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву ободу озод табдил доданд.
Аз ин лиҳоз, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбар ва илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу фардои Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид.
Мардуми шарифи кишвари азизамон аз он ифтихор менамоянд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори маъруфи сатҳи байналмилалӣ ҳамкориро бо кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра саҳми арзишманд мегузоранд.
Воқеан ҳам, имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили устувори сулҳу субот ва сарвари ҳақиқии худро шинохта, дар роҳи рушду такомул ба сӯйи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузоранд.
Моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, ватандўсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавони ояндасоз таваҷҷуҳ намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ватани маҳбубамон ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани он ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан сарҷамъона Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва барои тақвият ёфтани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ талош намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд