14 Ноябр 2024
Дар кӯдакистони №33-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идона баргузор гардид.
Кӯдакон дар васфи Президент, Пешвои миллат шеъру суруд ва гуфторҳо ироа намуданд. Аз корнамоиҳои Президенти мамлакат мисолҳо оварда шуд.
Мураббиён доир ба нақшу рисолат ва қаҳрамониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳо маълумот доданд.
Таъкид шуд, ки Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки «…дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».
Аз ибтикорот ва ғамхориҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар ин самт баргузории озмӯнҳои гуногун аз ҷумла “Озмуни фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” аст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав, рӯ овардани хонандагону донишҷуён ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба донишандӯзӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд