14 Ноябр 2024
Бахшида ба эълон шудани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" тибқи нақша чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар ин муассисаи таълимӣ конференсия илмӣ-назариявӣ таҳти унвони " Нақши зан дар ҷомеа ва маърифати оиладорӣ" баргузор гардид.
Конфронсро мудири бахши кор бо занон ва духтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Мамлакат Мадаминова ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувони тоҷик дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуданд, ки имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолияти пурсамар доранд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти вазъи занон ва оила замина гузошт.
Сипас дар ҷараёни конфронс Манучеҳра Кенҷазода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Саодат Аминҷонова мудири шӯъбаи амрози дарунии беморхонаи шаҳрии № 2 шаҳри Хуҷанд, Гуландом Мирзоева нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки тӯли 33 соли истиқлолият баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидани мавқеи сиёсию иҷтимоии ин қишри ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор дошт. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Муждаи аввалини самараи истиқлол барои бонувон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин иштироки тоҷикзанон дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон буд, ки соли 1995 дар шаҳри Пекин доир гардид. Дар ин давра давлати мо як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Қатъномаҳои Шӯрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ин давра дар самти татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба дастовардҳои назаррас дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар мамлакат ноил шавад. Самараи истиқлол ва талошҳову дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону мақомоти гуногуни ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ садо баланд карда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва аз музаффарияти худ ифтихор менамояд.
Саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми зан пазируфта шуд, ки ин омили эътироф намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад.
Ба конфронс бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд