12 Ноябр 2024
Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.
Дар ҷараёни машварат муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.
Хушбахтона ботадриҷ расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн мераванд, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае коҳиш меёбад. Аз ҳама муҳим сол то сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта вазъи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар як нафаре, ки барои гузаронидани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин қоида такя ва ишора карда метавонад.
Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни машварат масоили дигари рўзмарраи соҳа низ мавриди омўзиш қарор гирифт.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовинони тарбиявии сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуҳои “Ватан аз гаҳвора сар мешавад”, Ливои ман-нишони сарбаландӣ”, “Китоб дарест ба олами хирад”, “Иҷлосия-саҳифаи тоза дар таърихи навини тоҷикон”, “Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон”, “Ҷавҳару моҳияти ватандӯстӣ” ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Барномаи тарбиявии ватандўстӣ таҳти унвони “Величие Родины» пешкаши иштирокдорони машварат гардонида шуд.
Хонандагон дар васфи Ватан шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати истиқлолият дар фаъолият ва афкори омӯзгорон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст ва масъулияту мустақилияти онҳо бештар гашт. Омӯзгорон дарси худро бо андешаву ифтихорот ва худшиносии миллӣ созгор намуда, дар ҷабҳаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварии шогирдон нақши сазовор гузоштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд