(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ва раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Акмал Оқилзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки қабули якдилонаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории навини мо мебошад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини давлати мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Дарвоқеъ, Конститутсия ба сифати санади олии ҳуқуқӣ барои тамоми халқу миллатҳо азизу муътабар мебошад. Аммо бо назардошти якчанд хусусияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик боз ҳам арзишмандтар маҳсуб мешавад.
Пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро, ки орзуву омоли ҳазорсолаи мардум буд ва барои расидан ба он халқи тоҷик садсолаҳо боз муборизаҳои истиқлолиятхоҳона мебурд, эътирофӣ ҳуқуқӣ бахшида, барои ҳифзу таҳкими он ва сохтани давлати миллӣ замина гузошт.
Таъкид шуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлоли мамлакат арзёбӣ шуд. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ доир мешаванд.
Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯби қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид ва “дар асоси ташаккули низоми арзишҳои нав ва баҳамтаъсиррасонии фарҳангҳо ва тамаддунҳои мардумон ҷомеа, зарурати дарки нави арзишҳо ва ба меъёрҳои нав даровардани онҳо ба вуҷуд омад. Мутобиқи конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Сипас раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон низ доир ба аҳамият ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми давлатӣ дар ташаккули рушди давлатдории миллӣ маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш устодони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Қутфулло Зикруллозода, Юсуф Бобоев, Хуршеда Наҷмиддинова, Раъно Манонова, Шафоат Файзиева маърӯзаҳои илмӣ намуд.
Бо мубодилаи афкорба кори ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...