28 Октябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд масъалаи навсозии лӯлаи обу ташноби соҳили рости шаҳр баррасӣ шуд.
Дар машварат роҳбарони ташкилоту идораҳо, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, идораи хоҷагию манзилию коммуналӣ, мутахассисону роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ, бинокорону сохтмончиён иштирок доштанд.
Тавре маълумот дода шуд, бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр, афзудани шумораи биноҳои истиқоматии баландошёна, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти зарурӣ зарурати навсозии лӯлаи обу ташноб ба миён омадааст.
Тибқи ҳисобу китобҳо дарозии лӯлаи обу ташноб 11 км буда, ҳангоми навсозӣ қубурҳои қутрашон 800 — 1200 мм истифода бурда хоҳад шуд.
Хати кунунии обу ташноб солҳои 70-уми асри гузашта мавриди истифода қарор гирифта, то имрӯз хизмат мерасонад.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати омода намудани лоиҳаи навсозии лӯлаи обу ташноб супоришҳо дод.