24 Октябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мавсума Муинӣ зимни мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Президенти маҳбуби кишвар дар баробари таҳлилу дурнамои дигар соҳаҳо вобаста ба соҳаи маориф иброз намуданд, ки соли 2017 агар низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад, ки ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Инчунин қайд карда шуд, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст, зеро ҳанўз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
Ҳамчунин таъкид карданд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурўҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Яъне, дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омўзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Зимнан, хотирнишон намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрўза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва ҷавобгў ба талаботи рўзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар баробари ин, иброз доштанд, ки бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомўзӣ гузаронидани омўзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омўзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омўзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омўзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омўзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ доир ба дигар нуктаҳои Паёми Роҳбари Давлат ибрози андеша намуд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд