(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМардуми шарафманди тоҷик чанде қабл ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои навин, бо рӯҳбаландӣ ва ифтихори миллӣ истиқбол намуданд. Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни Истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.

Тоҷикистон ба шарофати Истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Кишвари маҳбуби мо ба комёбиҳои намоёни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангӣ ноил гашт. Дастоварди беназир дар баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи забони давлатӣ низ ба даст омад: дар Тоҷикистон сиёсати забон ташаккул ёфта, аз пай таҷрибаи пурарзиш овард.
Бешубҳа забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб меёбад. Аз ин аст, ки ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст. Яъне “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”.
Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид медоранд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд. Аз тарафи дигар, забони миллӣ (забони тоҷикӣ) ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад.
Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосӣ дорад. Барҳақ, Пешвои миллат «забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат» эълом карда, пайваста аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.
Роҳи расидан ба сиёсати устувори забон дар кишвари мо нотакрор аст. Заминаҳои бунёдии роҳи ташаккули сиёсати забон-боло гирифтани ифтихори миллӣ, бархӯрди андешаҳои зиёиёни пешқадам, коркарди тадбирҳои стратегии давлатӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои давлат оид ба таҳкиими пояҳои иҷтимоӣ ва рушди забон, ҳамчунин роҳу василаҳои гуногуни ба амал баровардани ин тадбирҳо мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин раванди сиёсиву фарҳанги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Моҳият ва муҳимтарин масъалаҳои сиёсати забон дар ҳар як суханрониҳои пурмуҳтавои Роҳбари Давлат иброз мегардад. Китоби Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”-ро метавон марҳилаи тозаи хидмати Президенти мамлакат дар соҳаи забон шуморид.
Тамоми озмунҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллатамон ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи мърифат”, ““Тоҷикон дар оинаи таърих”, бешубҳа, аз як озмун бештар аҳамият доранд, зеро ҳар яке ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ менамояд ва мо имрӯз ҳосили ин озмунҳоро дар ғанӣ гардидани маънавиёти миллиамон аллакай мебинем. Қобили зикр аст, ки маблағгузорӣ ҷиҳати ҳавасманднамоии ғолибони ин озмунҳо ҳамасола афзун гардида, солӣ ҷорӣ боз сад фисад зиёд карда шуд, ки ин низ ғамхории навбатӣ ба меросбарони забони тоҷикӣ аст.
Пешвои миллат дар такя ба аҳли зиё, аҳли илму адаб тавонистанд, ки мақоми забони миллатро боло баранд. Қонуни забон, ки сараввал ҳанӯз дар замони шўравӣ 22-юми июни соли 1989 қабул гашта буд. Аз он ки ин қонун дар аҳди шўравӣ қабул гашта буд, ноқисиҳою камбудиҳои зиёд дошт. Баъдан, 5 октябри соли 2009 бо қабули «Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин рӯз чун Рўзи забони давлатӣ ба ҳукми таҷлил даромад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 таҳти №459 “Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Зиёда аз ин, бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон карда шуд.
Соли ҷорӣ бо иқдоми беназири Роҳбари Давлат бо мақсади дар зеҳну шуури шаҳрвандон баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тасмим гирифта шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа карда шавад. Воқеан ҳам асари «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад.
Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон карда шуд.
Имсол мардуми Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоянд.
Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар – Ватан ва ифтихори милливу ватандорӣ шуморида мешавад.
Забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Закариёи Розӣ, Мавлавию Имом Тирмизӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Хайём ва ҳазорон нафар бузургони дигари илму адаб будани забони тоҷикиро мояи ифтихори ҳар як тоҷики имрўза ҳисобида мешавад. Дар ин росто, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем.
Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, арҷ гузорем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!

Бахтиёр Нозимзода,
прокурори шаҳри Хуҷанд,
мушовири адлияи дараҷаи якум

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...