(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»- и шаҳри Хуҷанд Конференсияи 30-юми ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода баргузор гардид.

Коференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсати кории Конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард, ки он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то то моҳи сентябри соли 2024, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби сармуҳарири нашрияи «Шафақ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби вакилон ба Конференсияи 16-уми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 19 ташкилотҳои ибтидоӣ таъсис дода шуда, он аз 249 ба 268 адад расонида шуд. Дар ин давра теъдоди афзоиши аъзои ҳизб 4 ҳазору 449 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраи ҳисоботии пешина 655 нафар зиёд мебошад. Айни замон шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 23 ҳазору 679 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 14 ҳазору 640 нафар занон ва 10 ҳазору 807 нафар ҷавонон мебошанд. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 11 ҳазору 213 нафар дорои маълумоти олӣ, 5 ҳазору 774 нафар маълумоти олии нопурра, 4 ҳазору 61 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 2 ҳазору 631 нафар маълумоти миёна мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки 830 нафар аъзои ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, аз ин шумора 91 нафар докторону профессорон, 739 нафар номзадони илм мебошанд.
Баъд аз шунидани ҳисобот вакилони Конференсия Усмонҷон Ахмедов – муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ», Мақсудзода Шаҳноза – мудири маорифи шаҳри Хуҷанд, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол», Гулнора Мирзоҳошимова – сартабиби Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд, раиси ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш», Абдуҳаким Шарипов – раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Анбарой Волидова – намояндаи ташкилоти ибтидоии «Сино» ва Эҳсонҷон Исоев - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро дар давраи ҳисоботӣ қатоатбахш арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан – модар, ҳимояи марзу буми кишвар, дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро доранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронии хеш таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ ба таъсиси он сӣ сол пур мешавад, ҳамчун ҳизби таҷассумгар ва ҳомии манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ғоявӣ, маънавӣ ба арсаи сиёсат арзи ҳастӣ намуд. Яке аз омилҳои маҳбубияти ҲХДТ ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеаи кунуни баҳои баланд дода, таъкид доштаанд: “Сабаби аслии воқеии обрӯю эътибор ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар дигар ҷо бояд ҷуст. Ин нуфуз ва маҳбубият дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст. Вай манфиат ва хостаҳои аксари сокинони кишварро ифода мекунад. Барои ҳамин одамон тақдирашонро ба ин ҳизб мепайванданд, аз он ҷонибдорӣ мекунанд.”
Раиси кумиҷроияи вилоятӣ инчунин вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва аҳли ҳизбиёни шаҳр баён карда, зикр дошт, ки бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам дар шаҳр ҷанбаҳои зиёдкунии аъзо хеле зиёд аст. Чун ба таркиби сифатии аъзои ҳизб таваҷҷуҳ мекунем, ҳанӯз аз ҳисоби соҳаҳои сохтмон, саноат, бонк, савдо, манзилию рифоҳӣ аъзоро зиёд кардан мумкин аст. Махсусан фаъолияти ҳизбӣ дар самти корхонаҳои хусусии хурду миёна беҳбудӣ мехоҳад. Зеро аксари аҳолӣ маҳз бо ин қишри ҷомеа бештар сару кор мегиранд. Агар мо аъзоро аз ҳисоби чунин нафарон, хосса ҷавонон зиёд намоем, ғояҳои ҳизб, дастовардҳои навини соҳибистиқлол, бандҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, фаъолияти вакилон бештар дар байни ҷомеа муаррифӣ мешаванд.
Ҷамшед Набизода – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, баромад намуда, қайд кард, ки фаъолияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба таври шаффоф дар сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, кумиҷроияи шаҳрӣ ва дар нашрияи “Шафақ” мунтазам нашр мешаванд. Гузашта аз ин, мо аз иқдомҳои кумиҷроияи шаҳрӣ дар мавриди баргузории чандин конфронсу ҳамоишҳо сидқан дастгирӣ менамоем. Махсусан, баргузории конференсия марбут ба даҳсолаи оби тоза ва ҳадафҳои стратегии кишвар ҷомеаи моро ҳушдор дод, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расем.
Аммо бо вуҷуди фаъолияти самарабахши кумиҷроияи шаҳрӣ тавре аз маърӯзаи раиси кумиҷроия бар меояд, ҳанӯз кор дар самти ҷалби аъзо ва иштироки ҳизбиён дар чорабиниҳои ҳизбӣ дар соҳаҳои савдо, бонк, сохтмон, саноат тақвият мехоҳад.
Моро мебояд, ки ҷалби аъзоро аз ҳисоби ҷавонон бештар намуда, фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавон “Созандагони Ватан”-ро тақвият бахшем. Онҳо бояд ба мактаби камолоти ҷавонон ва тарбияи кадрҳои арзандаи ҳизбӣ табдил дода шаванд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дар баромади хеш қайд намуданд, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон бештар кор кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем. Ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” дар байни мардум бештар корбарӣ намуда, дар ин замина барои таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.
Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Дар идомаи кори Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иборат аз 55 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 3 нафар ва вакилон ба конференсияи вилоятӣ иборат аз 83 нафар интихоб шуданд.
Мутобиқи боби 4,19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 19-и Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 6 нафар аъзоҳои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Бо ҳамин Конференсияи 30-юми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...