25 Сентябр 2024
ТОЗАҶАВОНИҲО МУБОРАК, ШАҲРИ КУҲАН!
Хуҷандиёни азиз, ҳамдиёрони гиромӣ!
Таърих сарнавишти даҳҳо шаҳрҳои бунёдшудаву пешрафта, шаҳрҳои ба тамаддуни олам фарзандони фарзона додаро нек дар ёд дорад ва шаҳри куҳанбунёду навҷавони Хуҷанд аз зумраи чунин шаҳрҳост.
Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол гашт ва тўли 33 соли рушд Хуҷанд баробар бо шаҳри Душанбе қадам мезанад ва дар такомули ин давлати қадиму дар айни замон ҷавон саҳми бориз мегузорад. Ин аст, ки дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум, таҳти №278 аз 25-уми сентябри соли 2014 «Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон намудани Рўзи шаҳри Хуҷанд» соли даҳум ҳамчун Рўзи шаҳр дар қаламрави шаҳр бо тантана баргузор мешавад, ки дар ташаккули ҳисси ватандўстиву ватандорӣ, таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Воқеан, 25-уми сентябр дар замони соҳибистиқлолии кишвар рўзи шаҳрест, ки онро аҳли олам Тирози ҷаҳон мехонаду он чун шаҳри некўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Таърихи ҳар шаҳр сарнавишти мардуму сокинонест, ки онро бунёд намудаву тараққӣ додаанд. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад, симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил медиҳад. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест. Чунончи, яке аз муаррихони садаи нуздаҳи рус Лев Костенко дар яке аз мақолаҳои илмии хеш навиштааст, ки «Хуҷанд дар баробари шаҳри калону сернуфуз буданаш, бо ягонагии таркиби миллии хеш фарқ дорад. Дар ин ҷо асоси аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд».
Дар таърихномаҳои дигар, ки беш аз 2500 сол доштани таърихи шаҳри Хуҷандро собит месозанд, овардаанд, ки бо сабаби зебоиву ободӣ ва бо суръат рушд ёфтанаш, ба Хуҷанд унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арўси даҳр», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози Шарқу Ғарб» ном додаанд.
Даврони соҳибистиқлолии кишвар ба Хуҷанди бостон рўҳу тавони тоза бахшид, боғшаҳри мо ба худ симои наву тоза касб намуд. Имрўз Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари озоду обод ва шукуфову дилрабо табдил ёфтааст, ки шаҳри Хуҷанд истисно нест.
Имрўз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе мебошад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар шаҳри Хуҷанд 4 донишгоҳ, 5 коллеҷ, 52 муассисаи таълимӣ, 33 кўдакистони давлатӣ, 11 кўдакистони хусусӣ ва 16 муассисаи тиббӣ амал мекунанд.
Имрўз Хуҷандшаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозону бунёдкорон ва умуман, бо мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарифи Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буда, бо заҳмати шаборўзии худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодааст, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд.
Бо камоли ифтихор ва самимияти афзун тамоми сокинону меҳмонони шаҳри бостониву хуршедии Хуҷандро бо Рўзи шаҳри Хуҷанд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод намуда, барояшон хонадони ободу рўзгори осоишта, сулҳу оромӣ, пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатиро орзу менамоям.
Рўзи шаҳр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!