(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо гузоштани гулчанбар дар пояи ҳайкали Маликушшуаро воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб дар Кохи "Суғдиён" таҷлил карда шуд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Санаи фархундаи Рўзи Рўдакӣ дар кишвари азизи мо ҳамасола 22 сентябр таҷлил гардида, таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати кишварро ба хизматҳои бесобиқаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Рўдакӣ, кору пайкори абармардони илму адаб, осори гаронбаҳои онҳо, таъриху фарҳанги оламшумул ва арзишҳои миллию таърихии халқамон ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дарҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.
Воқеан ҳам, устод Рӯдакӣ бо каломи ҳикматбори худ на танҳо қадри сухани ноби тоҷикиро боло бурд, балки бо офаридани осори арзишманд адабиёти тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард”.
Таъкид шуд, ки ашъори Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои баланди дорои арзишҳои башардӯстона инсониятро ба сулҳу дўстӣ, адолат, сабру таҳаммул, зиндагии босаодат ва ваҳдату ҳамбастагӣ даъват менамояд ва ҳамчун муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ оинаи мусаффои зиндагии мо ба ҳисоб меравад.Дар замони муосир, ки бар асари талошу муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиатҳо суботу оромӣ дар минтақаҳои алоҳидаи олам осебпазир гардидааст, арзишу аҳаммияти осори панду ахлоқии устод Рўдакӣ бештар эҳсос мегардад.
Сипас Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро бахшида ба Рӯзи Рӯдаки ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман, ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад. Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд”.
Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод доир ба нақши мондагори Маликушшуаро дар асосгузорӣ ва рушди адабиёти тоҷик маърӯза намуд.
Барномаи пуршукуҳи аҳли фарҳанги шаҳр аз эҷодиёти Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ табъи ҳозиринро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...