(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Дониш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, устодон ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният гуфт.

Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода низ иштирок карда Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд: "Дарси сулҳ ба маънои дигар, дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад".
Боиси таъкид аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат имрӯз дар қаламрави вилоят 952 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 21 литсейи касбии техникӣ фаъолият бурда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки “ Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд. Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама амалу пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки омӯзгорон рисолати касбиву ҷонии хешро софдилонаю содиқона ба иҷро мерасонанд ва ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаянд, зеро баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона менамоянд.
Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаъну шарафи омўзгорон дар яке аз суханрониҳояшон чунин фармудаанд: «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба нахоҳад расид. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Маврид ба қайд аст, ки ғамхориҳои рўзафзуни Ҳукумати мамлакат, хосатан Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои мусоиди таҳсил тавассути бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмиру тармими бинои мактабҳо, бо таҷҳизоти техникии навтарин таъмин намудани онҳо аз ин шаҳодат медиҳад.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр гуфт, ки оғози соли нави таҳсил дар остонаи сол-гарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-солагии қабули қонуни асосии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Умедворем, ки шумо – ҷавонон бо ифтихор аз шуҷоату мардонагии аҷдодони худ бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои мўҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро устуворӣ ва таҳким мебахшед. Бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед. Бо чунин таманниёти нек, бори дигар оғози фараҳбахши соли нави таҳсилро ба кулли устодону омўзгорони азиз ва донишҷўён таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбиҳо таманно менамоям.
Алимат Мавлонзода, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз дастгирии доимии Давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ҳамеша ҷонибдори сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар оянда низ бо донишу фаъолияти назарраси хеш дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми назаррас мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...