(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон ироа гардид.
Иттилоъ дода шуд, шаҳри Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. Сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада натиҷаи чораҳои андешдашуда имкон дод, ки дар ин давра 32 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 273 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 35,0 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 298 адад расонида шавад.
Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти ёфтани соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 898 миллиону 800,0 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 158,6 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор 188,5 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 104 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 403,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 33,9 млн. сомонӣ ё 9,2 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Чораҳои судманди андешида шуда, дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ собит менамояд, ки шаҳри Хуҷанд бо бо 16 шаҳрҳои хориҷии дуру наздик аз ҷумла, бо шаҳрҳои Оренбург, Энгельс, Сургут, Волгоград ва ноҳияи Киеви вилояти Маскави Федератсияи Россия, Могилеви Ҷумҳурии Белорус, Тайюан ва Ландҷоуи Ҷумҳурии халқии Чин, Линколни Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон, Шимкент ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Табрез ва Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Аркадаги Ҷумҳурии Туркманистон солҳои тўлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Ҳамкориҳои мутақобилаи ин самт, нишон дод, ки дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорию ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки самти сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ яке аз рукнҳои пурсамар барои такомули иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ин раванд дар давраи ҳисоботӣ 33,2 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9-уми марти соли 2024 оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нигаронида шуда буд, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Зикр бояд намуд, ки вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрўза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи одамон ва дар ин ҳошия зиёдшавии омилҳои номатлуб байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди бунёдкорию созандагӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва ҳамчунин, бахшида ба эълон гардидани соли 2024- «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз рўи усули «Маҳалла ба маҳалла» ва «Кўча ба кўча» то имруз бо сокинони 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 60 мулоқоту вохўриҳо ва дар 52 муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо хонандагону омўзгорон ва волидайни онҳо сўҳбату мулоқотҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохўрӣ аз ҷониби гурўҳҳои кории таблиғотӣ як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки маҳз донистану риояи ҳатмии талаботу меъёрҳои қонунҳои амалкунанда метавонад содиршавии ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро пешгирӣ намояд. Бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳадаф аз баргузории мулоқоту вохўриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандустию ватанпарастӣ, пешгирии бадахлоқиву ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таассубу хурофот, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ифротшавии ҷавонон, тамоюли бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, вусъат бахшидан ба бунёдкориву созандагӣ, анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкорию зиёдаравӣ ё худ намоишкорӣ, тафриқаандозӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд.
Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти дигар соҳаҳои шаҳрдорӣ низ иттилоъ муфассал дод.
Сипас аз ҷониби Муяссара Қаҳҳорӣ ва Бахтиёр Боқизода муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба самти фаъолият ҳисобот ироа гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни кори ҷаласа аз масъулини соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон, ҷавонон, ободонӣ, муассисаҳои коммуналӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёти мусофиркашон, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои муайян супоришҳои қатъӣ дод.
Ҷамолиддин Абдуллозода роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷандро дар давраи сипаришуда мусбат арзёбӣ ва миннатдорӣ баён карда, ҳамзамон аз фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи зарфиятҳои мавҷуда, афзун намудани дастовардҳо ва истиқболи пуршукуҳи ҷашнҳои умумиллӣ, иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои марбут ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бемайлони шаҳр саъю кӯшиши бештар намуда, якдилона Ватани маҳбубамонро ободу мунаввар созем.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, доир ба самти пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодият ва маҷмуаъан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру машваратҳо дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли равон аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз мо аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр натиҷабардорӣ намуда, изҳори боварӣ менамоем, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи тамоми фаъолон ва кулли мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмини дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.
Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор пешсафони соҳаҳои шаҳрдорӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...