01 Июл 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Маҷмаа дорои 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиш мебошад.
Зимни шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар рушд карда, барои машғул шудан ба машқу тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Маълумот дода шуд, ки гармидиҳӣ, нигоҳдошти ҳарорати муътадили дохили маҷмаа ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст ва ҳарорати он дар фасли сармо низ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Дар вақти гарм будани ҳаво низ бо низоми махсус ҳарорати оби ҳавзҳо муътадил ва мутобиқ барои шиноварӣ нигоҳ дошта мешавад. Яъне дар ин иншоот дӯстдорони шиноварӣ метавонанд дар чор фасли сол ба варзиш машғул шаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол сафи дӯстдорони варзиши шиноварӣ бештар гардида истодааст. Тибқи иттилои масъулон ҳамарӯза ба маҷмаа аз 250 то 300 нафар, аз ҷумла кӯдакону наврасон низ ташриф оварда, таътилро хубу хотирмон мегузаронанд.
Қабули сокинон дар асоси реҷаи муайян ба роҳ монда шуда, ҷадвали рӯзи қабули занҳо ва рӯзи қабули мардҳо таҳия шудааст.
Дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ҳолати санитарию беҳдоштӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, тозагии об зери назорати ҷиддӣ аст ва пайваста бо маҳлулҳои махсуси кимиёвӣ безарар карда мешаванд. Хуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиши шиноварӣ низ пайваста бо безарар карда шуда, шароити хуб барои шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст.