(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСулҳу ваҳдат – ҳаёти пурсаодат

Ҳамдиёрони азиз!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, сокинони сарбаланди шаҳр ва кулли ҳамдиёронро бо ҷашни фархундаи миллат – Рўзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Шоистаи зикр аст, ки падидаи беназири замони истиқлол расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шумор рафта, дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Мафҳуми Истиқлол ва Ваҳдат арзиши баробар дошта, ҳамчун ғояи миллӣ дар замиру андешаи мо ташаккул меёбад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сўйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст». Дар мавриди дигар изҳор доштаанд, ки “Рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст”.
Ин рўзи таърихӣ, воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оѓоз бахшида, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин ҳама ободиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон меваи шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати азизи мо сол аз сол рушду нумўъ дорад ва вилояти Суѓду шаҳри бостонии Хуҷанд дар қатори аввали ин пешравиву тараққиёт қарор гирифтааст. Бунёди корхонаву муассисаҳои саноатӣ, гулгашту хиёбон, иншооти таъйиноташ гуногун, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ҳама бозгўи онанд, ки Ватани мо ба ҳадафҳои пешгузоштаи хеш ноил гардида истодааст ва ба мардум зина ба зина зиндагии шоиста муҳайё мешавад.
Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамбастагию шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол, аз ин неъмати бузург – сулҳи бебозгашти тоҷикон, аз ваҳдати миллиамон, хонаи умумии хеш – Тоҷикистони пешрафтаро бо меҳнати сидқидилонаву садоқати бепоён ҳифз мекунем, тамоми қувваю нерўи хешро ба он равона месозем, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам устувор созад.
Ба истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор ҷашн гирифтани Рўзи ваҳдати миллӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд даҳҳо тадбири созанда ва ояндабинона амалӣ шуда истодааст, ки хуҷандиёни меҳнатқарин барои сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри азиз ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамшаҳриёни азизро бо ҷашни ҳуҷаставу муқаддаси Рўзи ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуда, ба ҳар хонадон оромиву хушбахтӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...