24 Июн 2024
Дар мусобиқаи кушоди Қазоқистон, ки дар он варзишгарони 5 давлат: Қазоқистон, Тоҷикистон, Руссия, Ӯзбекистон, Озорбойҷон ҳузур доштанд, 8 нафар боксчиён аз толори варзишии бокси “Темурмалик”-и шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, 5 мақоми ифтихориро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, Анӯшервон Сиддиқов ва Беҳруз Умаров мақоми аввал ва медали тилло, Беҳруз Охунов ва Фирӯз Бойматов ҷойи дуюм ва медали нуқра ва Дилшод Сиҷаев зинаи сеюм ва медали биринҷиро ба даст оварданд.
Мусобиқаи кушоди бокс дар Қазоқистон байни наврасони соли таваллудашон 2010-2011 ба ифтихори собиқадори варзиш ва мураббии бокс Оқилбек Темуров баргузор гардида, дар он садҳо нафар муштзанон аз кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Руссия, Ӯзбекистон, Озорбойҷон ширкат намуданд.
Абдувосит Ғафурова, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона ва дастоварди назарраси боксчиёни навраси толори варзишии бокси “Темурмалик”-и шаҳри Хуҷандро дар мусобиқаи кушоди Қазоқистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, натиҷаҳои баланди онҳоро дар ин мусобиқаи минтақавӣ шоистаи таҳсин унвон намуд.
Таъкид шуд, ки ин ҳама дастовардҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, варзишгарони тоҷик солҳои охир дар мусобиқоти байналмилаливу минтақавӣ дар риштаҳои мухталиф мақомҳои ифтихориро касб намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки толори варзишии бокси “Темурмалик”-и шаҳри Хуҷанд воқеъ дар маҳаллаи “Мевагул”, ки аз соли 2018 амал мекунад, таҳти роҳбарии мураббии бокс Саидхӯҷа Маъмуров ҳамарӯза зиёда аз 80 нафар наврасон ба машқу тамрин, хосса омӯзиши амиқи варзиши намуди бокс машғуланд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд