19 Июн 2024
Шоми дирӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳри Хуҷанд аҳли зиё таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва дигар шахсони расмӣ ба расму оини тоҷикӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Ҳайати меҳмононро муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳӣ дошт.
Тибқи барнома меҳмонон, имрӯз, яъне санаи 19-уми июн дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон "Симои зан" ва симои каллиграфияи устодони чинӣ "Маънии ҳаёт" дар Муассисаи давлатии маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар "Қалъаи Хуҷанд", Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи археологию фортификатсионии шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромада, дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд