15 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Иди Қурбон беш аз 160 нафар шахсони камбизоати шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр аёдат карда мешаванд.
Чунин тасмим дар яке аз ҷаласаҳои шаҳрдорӣ аз ҷониби Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ироа гардид. Ҳамин тавр имрӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр аз тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр ба муносибати Иди саиди Қурбон 160 нафар ашхоси камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои ниёзи аввалия дастрас карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Хушбахтона, дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон дар рўзҳои ид дар баробари намояндагони Давлату Ҳукумат, ҳамчунин аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд