14 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ширкати “Тоҷпанел” бо сармоягузории беш аз 6 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,73 га сохтмони корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад ва он баъди як сол ба истифода дода мешавад.
Дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби ширкати ватании “Афрангпласт” ҷараёни бунёди як корхонаи замонавии калон низ идома дорад, ки баъди истифодадиҳии он дар як сол беш аз 4000 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол карда мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо шарикони туркӣ маҳсулоти баландсифати профилҳои пласткӣ бо таҷҳисзоти муосир роҳандозӣ хоҳад намуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастурд дод, ки корҳои сохтмонӣ босифат анҷом дода шавад ва дар муҳлатҳои муайянгардида, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ба роҳ монда шавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд