14 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёд ва фаъолияти якчанд адад корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл», ки фаъолияти худро тақвият бахшида истодааст, иттилоъ дода шуд, ки ин ҷамъият бо роҳандозии фаъолияти васеи дӯзандагӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ намуда, ният дорад, ки шумораи кормандонро, ки феълан 130 нафар ҳастанд, то ба 350 нафар расонанд. Дар ин самт имконот вуҷуд дорад. Ҷамъият бо ворид намудани технологияи муосир аз кишварҳои хориҷа, бо дӯхтани либосҳои соҳавӣ, ҳарбӣ, мактабӣ ва ғайра машғул буда, дар ояндаи назди ба дӯхтани шиму костюмҳои мардона низ иқдом гирифта мешавад. Айни ҳол ҷамъият имкон дорад, ки дўзандагони аз синни 18 сола то 45 сола ба кори доимӣ бо маоши хуб ҷалб намояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл» дастур дод, ки фаъолияти хешро ҷоннок намоянд ва барои таъмини маҳсулоти ватанӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд