13 Июн 2024
Субҳи имрӯз аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба корҳои мумфаршкунӣ дар хиёбони Истиқлол (роҳи болои микр 12-8)-и шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дарозии роҳи мазкур 800 метр ва паҳноии он 15 метр ё худ 12 800 метри кв-ро ташкил дода, корҳои мумфаршкунӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд анҷом дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳсозон ҷиҳати анҷом додани босифати корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд