(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шўъбаю бахшҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 5- моҳи соли ҷорӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ин давра бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр амалигардонии дигаргунсозиҳо ва фароҳам овардани як силсила корҳои назарраси созандагӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Натиҷаҳои пурмаҳсули саноатикунонии босуръат имконият дод, ки аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 760,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 21,6 дар сад ё 138,9 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 152,1 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир шуда, аз ҷониби 105 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблаѓи 332,1 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 23,3 дар сад ё 27,7 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 36,0 млн. сомонӣ сармояҳо, 24 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд таъсис дода шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ соли минбаъда сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрўз 486 адад ё 51,2 фоизи онҳо бунёд карда шудааст. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 80 адади он ба панҷ моҳи соли ҷорӣ рост меояд.
Дар ҷараёни машварат Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба муовини аввал, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, масъулини кўчаву хиёбонҳо ва раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагиро вусъат бахшида, баҳри рушди тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр мусоидат намоянд.
Ҳамзамон масъулин ҷиҳати вусъат додани сабзкорӣ, рангубори биноҳои баландошёнаа, мумфаршкунии роҳҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, саривақт гирифтани партов, роҳандозии кори муназзами хадамоти коммуналӣ ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуданд.
Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 01 майи соли 2024, №227 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» низ ҳисобот шунида шуд ва тамоми масъулини дахлдор аз ҷониби раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои қарори зикршуда вазифадор гардиданд.
Дар поёни машварат Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастгирию аёдати ятимону камбизоатон, барҷомондагон, эҳтёҷмандон дара арафаи талили Иди Қурбон тадбирҳои фаврӣ андешида шавад. Ҳамзамон супоришҳо оид ба баҳри пешгирӣ аз зиёдаравӣ, риояи қонунгузории танзим ва мубориза алайҳи бегонапарастӣ дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...