08 Июн 2024
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006 баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, варзишгарону ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни оммаи васеи халқ ва варзишгарони касбию дӯстдорони ин соҳа мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки намуди варзиши ҷудо яке аз намудҳои маъмули варзиш дар кишвар ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳ ва дастгирии Раиси Маҷлии миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир зиёд гардида, дӯстдорону ҳаводорони ин намуди варзиш рӯз аз рӯз меафзояд.
Яке аз иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон давоми ду соли охир баргузор гардидани 2 мусобиқаи байналмилалии Гран-При ва Гран –Слем оид ба ҷудо дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишии варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот шаҳодати ин гуфтаҳост.
Аз ҷониби давлат тамоми шароиту имкониятҳои мусоид барои варзишгарони кишвар, аз ҷумла ҷудочиён фароҳам оварда шудааст, ки онҳо аз ин шароиту имкониятсамаранок истифода бурда, тавонистанд, ки 6 роҳхати Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Парижи давлати Фаронса баргузор мегардад, ба даст оваранд, ки дар таърихи ҷудои кишвар бори аввал мебошад.
Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 8 то 9 июни соли 2024 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006 ҷараён мегирад.
Чемпионат ба хотири таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва бо ин васила барои пайдо намудани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки аз 2 то 5 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе бори аввал дар таърихи кишвар баргузор мегардад, доир хоҳад шуд.
Дар идома ба варзишгарони муваффақи кишвар, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро аз рӯи ҷудо ба даст овардаанд, ҷомаи миллӣ тақдим карда шуд.
Сипас, мусобиқа оғоз ёфта, дар рӯзи нахуст ба ғолибони якчанд вазн туҳфаҳо супорида шуд.