05 Июн 2024
Бо мақсади гиромидошти хизмати содиқонаи фарзандони бо нангу номуси миллат якчанд сарбозоне, ки сарбаландона адои хизмати ҳарбӣ намуданд бо Сипоснома ва волидайни онҳо бо Раҳматномаи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.
Зимни қадршиносии сарбозон раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мунзифа Пӯлотова зикр дошт, ки хизмати содиқонаю софдилонаи ҳар як сарбози ватандӯсту меҳанпараст аз ҷониби давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадр карда мешавад.
Воқеан, сарбозон нафароне ҳастанд, ки барои садоқат ба халқи худ, ба Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунанд ва бо ин савганди худ ҳамчун сарбози далеру шуҷои Ватан, ҳомии марзу буми аҷдодӣ, фарзанди бонангу ори миллату давлат, то абад савганди азхудкардаашонро дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳар як сарбоз маҳз аз лаҳзаи ёд кардани савганди ҳарбӣ худро ҳомии ҳаққонии Ватан эҳсос мекунад.
Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд, зиёд шудааст.
Хушбахтона, ҳамасола бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту хизмати ҳарбиён чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои хизмати сарбозон дар ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд