04 Июн 2024
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» натиҷагирӣ карда шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд озмунро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва қабули қарорҳо, амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон- то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар заминаи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030 Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро дар байни занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ баргузор намуда истодааст. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур 14 нафар занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ширкат варзида истода, дониш ва маҳорати хешро санҷиданд.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамот Тахмина Абдуқаҳҳорзода, мудири бахши фарҳанги шаҳр, Саноат Тиллохӯҷаева, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳр ва Заррина Набиева, мутахасиси пешбари шуъбаи назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр дар озмуни мазкур мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Ба ғолибони озмун туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд.
Ҳамчунин тамоми иштирокчиёни озмун низ бо туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд