03 Июн 2024
Дар КВДК “Хуҷандобуканал” бо иштироки ҷомеаи меҳнатӣ бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи коммуналӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Хайрулло Бобоев, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” тамоми кормандони соҳаи обрасониро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки беҳдошт, ободонӣ, гулу гулзор ва кабудизоркунии шаҳр ва болидарӯҳии ҳар як сокину меҳмони он, аз кори пурсамари мову Шумо вобастагии калон дорад. Инчунин, ҳамагон хуб медонем, ки об яке аз боигариҳои беназири сайёра ба ҳисоб рафта, он ба ташаккули ҳаёти солим ва зиндагии комилу арзандаи сокинони он мусоидат менамояд. Дар ҷое, ки об ҳаст он ҷо зиндагӣ бо файзу бо баракат мебошад. Ба ҳамин хотир одамон дар рӯи олам обро ҳамчун манбаи гаронбаҳотарини ҳаёту зиндагии худ медонанд. Ҳамзамон, кормандони ҳама соҳаҳои фаъолияти мо масъулияти хеле баландро ба дӯш доранд ва мо боварии комил дорем, ки ин масъулиятро бо сарбаландӣ ҳифз намуда, ба қуллаҳои баландтарини ҳаёти арзандаи халқи азизамон мерасем.
Сипас, Олимҷон Қобилов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати хоҷагию манзилии коммуналии вилоят ва Назокат Юсупова, намояндаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кулии кормандони КВДК “Хуҷандобуканал”-ро бо иди касбишон таҳният гуфтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд