(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ТАЛОШ БАРОИ ФАРДОИ БОСАОДАТИ КӮДАКОН

Ҳамдиёрони азиз!

Волидайни масъулиятшинос, кўдакони меҳрубон!

Ҳамасола 1-уми июн – Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар қаламрави олам таҷлил мегардад. Рўзи байналмилалии кўдакон яке аз идҳои анқариб садсолаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некўаҳволии кўдакон дар Женева қабул карда шуд. Чаро тасмим гирифта шуд, ки ин иди кўдакон 1-уми июн таҷлил карда шавад? Соли 1925 консули генералии Чин дар Сан-Франсиско як гурўҳ ятимони чиниро ҷамъ карда, барои онҳо ҷашни Дуан-ву ҷи (фестивали заврақи аждаҳо) -ро ташкил кард, ки санаи он ба 1-уми июн рост омад.

Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кўдакро қабул кард. Яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ташкили Хазинаи кўдакон ЮНИСЕФ аст, ки айни замон механизми асосии кўмаки байналмилалӣ ба кўдакон ҳисоб меёбад.
Аввалин ҳуҷҷати асосии байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кўдак дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак аст, ки аз ҷониби Созмони милали муттаҳид 20-уми ноябри соли 1989 қабул шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 26-уми ноябри соли 1993 ба тасвиб расонд. Ҳуқуқҳои кўдаконро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак” ба танзим медарорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Кўдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимии ҷисмонию равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, ки як мақоми доимии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад, сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак бо мақсади амалисозии қонунгузории кишвар ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, пеш мебарад.
Дар ин рўзи пурнишот кулли кўдакону наврасони бахтиёри диёрро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод мегўям ва ба онҳо айёми хуши наврасӣ, осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва хандаҳои беғаши тифлиро таманно мекунам.
1-уми июн – Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдакон, мо, волидайнро, ҳамеша ҳушдор месозад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофу рушди зеҳни бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайну оила меҳисобанд.
Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад…
Воқеан, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархурдоранд.
Дар шаҳр барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо, умуман, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки дар маҷмўъ барои беҳбудии рушд ва камолёбии кўдакон нигаронида шудаанд.
Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро ба ҳамаи кўдакони некбахти диёр шодбод гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кўдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.
Айёми хуши кўдакӣ муборак, дўстрўякони азиз, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...