31 Май 2024
Бо садо додани Суруди милии Тоҷикистон дар толори қаҳвахонаи “Фирдавс”чун анъана маросими навбатии супоридани Шаҳодатномаву идрорпулӣ ба муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон оғоз гардид.
Директори Марказ Ҳамида Ўрунова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, бо ёдоварӣ аз мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро барои омӯзишу азбарнамоии забонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои забономӯзӣ ва қабули Барномаҳои давлатӣ дар ин самт аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 18 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ва афкор, баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои омӯзгорони Маркази гуманитарии муосир ба номи У.Шекспир аз кишвари Олмон коршиносон аз ҳисоби омӯзгорон-профессорони пуртаҷриба мунтазам даъват карда мешаванд.
Сипас аз тарафи директори Марказ Ҳамида Ӯрунова ва омӯзгори забонҳои англисӣ ба 37 нафар хатмкунандагон дипломи дараҷаи В2-С1 –и забони англисӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон 6 нафар хонандагон соҳиби Стипендияи директори Марказ шуданд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо маблағи таҳсилро насупоранд ва баръакс соҳиби идрор шуданд. Омӯзгорони беҳтарин барои дастовардҳои назаррас бо тӯҳфаҳои махсус сарфароз гардиданд.
Ғолибони озмунҳои гуногуни эҷодӣ, аз қабили эссеи беҳтарин, диктанти беҳтарин, Spelling bee, blitz, презентатсияи бехтарин ва дебати калон, ки давоми моҳи май сурат гирифт, натиҷагирӣ ва ғолибонаш низ қадршиносӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, меҳмони фахрӣ Сабина Кох Марш аз кишвари Олмон, равоншинос Шӯҳрат Иброҳимов ва дигарон баромад намуда, хонандагонро баҳри омӯзиши амиқи забонҳо ва дӯст доштани Давлату миллати хеш даъват намуданд.
Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд