30 Май 2024
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар литсейи ДДҲБСТ Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд
Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндаи КДАМТ дар шаҳри Хуҷанд Меҳрубон Лоиқов, директори маркази саломатии №4 Дониёр Худойзода, нозири шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар шаҳр ва ғайраҳо дар мавзуъҳои "Паёми Пешвои миллат-Роҳнамои ҷавонон", пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо ташкил ва гузаронида шуда, аз тарафи масъулин вобаста ба мавзуҳои болозикр маърӯзаҳо карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд