29 Май 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Нахуст аз корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Сирдарё» соли 2009 таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.
Муассиси корхона бо роҳандозии хату таҷҳизоти муосири технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ мондааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану банду басти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, хатҳои технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 грамма, 1 литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар роҳандозии бомароми чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ баҳои баланд дод.
Таъкид шуд, ки дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.
Ин корхона зиёда бо зиёда аз 30 намуд давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 926 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Зимни боздид аз ҶДММ «Атласи Хуҷанд» иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотии хешро тақвият бахшад.
Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми моҳҳои январ-апрели соли раовн ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ҷамъият дастур дод, ки бо ворид намудани технологияи муосир майдони истеҳсолии корхонаро самаранок истифода барад.
Дар корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» иттилоъ дода шуд, ки корхона иқтидори калони коркарди сангро доро буда, дар он сангҳои хоро, мармар оҳаксанг ва ғайра бо сифати баланд коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.
Ашёи хом асосан аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хорокони шаҳри Хуҷанд, Агаҷоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Такелии Ғарбии ноҳияи Мастчоҳ, Тиллогул ва Падораи шаҳри Панҷакент ворид карда мешаванд. Корхона иқтидор дорад дар як сол то 30-35 ҳазор метри мураббаъ сангро коркард намояд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркарди санги «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Суғд 30 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Сангҳои ороишии дар корхона коркардшуда асосан дар соҳаи сохтмон ва ороиши биноҳои маъмурию баландошёна васеъ истифода гардида, акнун воридоти он аз хориҷӣ кишвар коҳиш меёбад. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ, васеъ ба роҳ мондани коркард ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли чунин сангҳои ороишӣ мавҷуд аст.
Ба роҳбарияти корхона ҷиҳати афзун намудани маҳсулот ва содироти он супоришҳо дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд