29 Май 2024
Бо иқдоми Раёсати фарҳанги вилоят ва китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ бо мақсади рушду камолоти кўдакон, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, афзун намудани дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, шиносоӣ бо китобу китобхона байни тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳру навоҳии вилоят озмуни вилоятии «Шукуфаҳои Истиқлол» баргузор намуд.
Тавре масъулин иброз доштанд, ин озмун бо мақсади амалинамоии «Барномаи давлатии омўзиши мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва “Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон доир гардида истодааст.
Озмун аз рўйи шартҳои: муаррифӣ, қироати шеър аз ашъори шоирони бачагонаи рус доир ба амалишавии нуктаҳои “Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030», “Пайроҳа дар математика” аз расмҳо ҳисоби ҳосили ҷамъ ва тарҳи рақамҳо дар доираи «Барномаи давлатии омўзиши мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» , намоиши саҳнавӣ дар мавзуъи қоидаи ҳаракат дар роҳ таҳти унвони “Эҳтиёт-нисфи ҳаёт” гузаронида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза насиби Робияхон Мансурова, тарбиятгирандаи кӯдакистони № 13 шаҳри Бӯстон гардид. Ҳамчунин намояндагони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафаробод дар озмуни мазкур мақомҳои ифтихориро касб намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд