(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатию рутбаҳои олии ҳарбӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ сипари боэътимод ва ҳомиёни марзу буми сарзамини аҷдодиамон, яъне кафолати истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистонро сарбаландона ва ҷавонмардона таъмин карда истодаанд.
“Тоҷикистон беш аз се даҳсола дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад,-” таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки сарҳадбонони кишвар дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик рисолати худро содиқона иҷро намуданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Вобаста ба вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омода бошад.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар бо итминон изҳор доштанд, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватани азизамонро минбаъд низ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлат, сарзамин ва ҷомеаи кишвар таъмин хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ хизматчиёни ҳарбии мамлакат аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ бо мукуфотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозон ва дигар хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ, таъмини амнияти давлату миллат бо мукофотҳои давлатӣ қадр мекунанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод рутбаҳои олии ҳарбии “Генерал - майор” супорида шуд.
Бо дарназардошти нақши муҳимми Қӯшунҳои сарҳадӣ, давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии ин ниҳод то имрӯз бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда барои ташкили асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти сарҳадӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Инчунин, масъалаи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси марзбонӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Айни ҳол иқтидори ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбиии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ва ҳифзи марзи давлатӣ ҳидоят намуданд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...