27 Май 2024
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-481 дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 36 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ғолибони даври якум аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ҳафт номинатсия ширкати фаъолона варзида қобилияти истеъдод ва корҳои худро пешниҳод намуданд ва аз панҷ номинатсия ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд.
Ҳамин тавр, Зафар Мақсудов, донишҷӯи соли аввал, аз ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” дар номиинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” ва Билол Бобозода, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” дар номинаи “Ихтироъкорӣ ва навооварӣ” мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Ҷовид Тошматов, донишҷӯи курси якуми ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ”дар номинатсияи “Математика”, Собитҷон Эркаев, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси “Таъмини барқ” дар номинатсияи “Физика ва астрономия”, Муаззамхон Мусоева, донишҷӯи соли аввали ихисоси “Технологияи ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” дар номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”, Муҳаммадҷон Олимӣ, донишҷӯи соли аввал, ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” ва Фарангис Маҳмудова омӯзгори калони кафедраи “Технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ” дар номинаи “Ихтироъкорӣ” мақоми дуюмро ба даст оварданд.
Хуршед Охунпочоев, донишҷӯи соли якум, ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” ва Саиднеъматхон Исҳоқӣ, донишҷӯи соли аввал, ихтисоси “Молия ва қарз” дар номинаи “Математика”, Амонуллоҳ Абдурафиқзода, донишҷӯи соли дуюм, ихтисоси “Таъмини барқ”, Далерҷон Хобилов, донишҷӯи соли якум, ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” дар номинаи “Физика ва астрономия”, Меҳронахон Бузурукова, донишҷӯи соли аввал, ихтисоси “Иқтисодиёт ва идора дар корхона” дар номинатсияи “География” ва Аҳмад Ахмедов, донишҷӯи соли сеюм, ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ” дар номинаи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” зинаи сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳамин тавр, донишҷӯён ва устодони донишкада дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 2 мақоми аввал, 5 ҷойи дуюм ва 8 мақоми сеюмро соҳиб гардиданд, ки боиси ифтихори ҳамагон аст.
Бояд қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд