25 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи ба номи "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар мухлисони футбол бахшида ба эълон гардидани 25-уми май-Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали футбол таҳти унвони “ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД!” баргузор гардид.
Чорабинии пуршукуҳро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни оғоз бахшида ҳамагонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол ва баргузории фестивал табрику муборакбод намуд ва таъкид дошт, ки боиси ифтихори тамоми мардуми кишвар аст, 7-уми майи соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси бевоситаи Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони милллаи муттаҳид қабул гардида, минбаъд ҳамасола 25-уми май ҳамсола чун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар тамоми олам таҷлил карда мешавад. Ин чорабинии таърихӣ имсол бори аввал дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони маҳбубамон дар фазои идона таҷлил гардида истодааст. Ҳамин тариқ, ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон, ки 9 феврали имсол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид, иқдоми наве дар пайравӣ ба ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин пешниҳод муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки нақши футбол дар фарҳанги башарӣ мақоми хосса дошта, бояд он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил гардад. Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ба хотири рушди минбаъдаи ин намуди бозӣ гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ҳамзамон соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.
Сипас директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода низ баромад намуда, иштирокдорони фестивалро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният гуфтанд.
Зикр гардид, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид, футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони мазкур, санаи 25-уми май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Дар ин айёми моҳвораи ҷавонон, ки табиат нозанин гардида, ҷавонон бо рӯҳу илҳоми тоза, дар чорабиниҳои зиёде фаъолона ширкат доранд, тасмим гирифта шуд, ки дар асоси дастури Роҳбарияти футболи мамлакат ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали футбол таҳти унвони “Футбол ба назди Шумо меояд!”-ро баргузор намоем.
Сипас ба як қатор наврасони фаъол тӯби футбол тақдим гардид.
Барномаи пуршукуҳи консертӣ ба фестивали футбол шукуҳи дигар зам намуд. Дар ҷараёни фестивал озмунҳои гуногун гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд