24 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақшаи муштараки воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот бо сокинони маҳаллаи "Тиллокон"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ” мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Меҳрубон Лоиқов, намояндаи РКДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти шаҳрдорӣ, пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва маданияти либоспўшӣ, ҷилавгирӣ аз ифротшавӣ, саҳм гузоштани сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», доир ба рафти иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» маърӯзаҳо намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд