24 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Либос ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги ҳар як миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф инчунин ба хотири зебоипарасти ва муаррифии намуди зоҳирии хеш ба бар мекунад. Либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муайян намуда мақому манзалати иҷтимоии онҳоро равшан мегардонад.
Дар баробари ин, либос як рукни фарҳанги миллӣ буда, дар он афкори рангини мардум ифода меёбад. Ҳар як нақшу нигори мазмуни миллӣ дошта, дар он орзую омол ва пиндорҳои одамон ифода мегардад.
Либоси миллӣ рамзи фарҳанги миллати тоҷик аст. Бонувон онро бо ифтихори баланд ба бар мекунанд. Либос вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхта шуда, ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ гурӯҳбандӣ мешавад. Инчунин, онро аз лиҳози ҷинсият ва синну сол ба либосҳои кӯдакона, бачагона, мардона, занона ва духтарона ҷудо мекунанд. Лабосҳо, инчунин, расмӣ,ҷашнӣ, фароғатӣ, истароҳатӣ, соҳавӣ, театрӣ, ҳаррӯза,хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросамӣ мешавад. Либосҳо мувофиқи диди миллӣ дӯзонида шуда,дар онҳо арзишҳо миллӣ ба инобат гирифта мешавад. Тарзи либоспӯшӣ ҷузъи фарҳанги халқ ба ҳисоб рафта, риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиду ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд.
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тамаддуни пурғановати онҳо дар забону адабиёт,фолклор, ҷашну маросимҳо, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳаги ғайримоддӣ ва ҳатто тарзи пӯшидани сару либос таҷассум ёфтааст. Махсусан, либосҳои тоҷикон дорои ифодаи анъанаҳои миллианд. Дар интихоби рангу матоъ, нақшу нигор, тарзи духт ва пӯшидани либосҳо ҳар як минтақаи кишвар санъати баланди либосдӯзӣ ва фарҳанги либоспӯшие дорад, ки ифодагари умеду орзу ва андешаихоси ҳамон маҳал маҳсуб меёбад.
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.
Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф аз ихтироъкори абрешим, матоҳои абрешим, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоҳои атласу адрас қимати баланд дошианду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икрм пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Либосҳои мллиии мо, ки ба феҳристи моддии ЮНЕСКО дохил шудаанд, атлас ва адрас мебошанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти лтбосҳо ба намоиш гузошта мешавад.
Дар ҳақиқат, пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад.
Либоспӯшӣ яке аз хусусиятҳои назарраси инсон буда, доир ба он талаботи гуногун аст. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо тоҷикон низ тарзи либоспӯшиҳои гуногун роиҷ аст.
Хушбахтона, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷуиҳурии Тоҷикистон либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ пешниҳод шуда, бо қарори махсуси мушовараиВазорати маориф ва илми Ҷуиҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки тарзи рафтор ва либоспӯшии тамоми хонандагон, шунавандагон, илмомӯзон ва омӯзгоронро дар чаҳорчӯбаи муайян нигоҳ медорад.
Мадина Дониёрова,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти
тоҷики МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд